Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек: ҳафт гумонбар дар терроризм боздошт шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) аз боздошти аъзои эҳтимолии гуруҳи террористӣ, ки ният доштанд чанд ҳамла анҷом диҳанд, хабар медиҳад.

Маркази матбуотии КДАМ-и он кишвар мегӯяд, дар як амалиёти зидди террористӣ 7 гумонбар боздошт шудааст. Макон ва замони боздошт хабар дода намешавад.

Ба иттилои КДАМ, боздоштшудаҳо дар ҷалби афроди дигар ба терроризм, фиристодани террористони нав ба маҳалли ҷангҳои минтақаи Шарқи Наздик ва ҳамчунин омодагӣ ба анҷоми террорҳо дар Қирғизистон гумонбар дониста мешаванд.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки наздики 500 шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла бештар аз 100 зан, барои пайвастан ба сафи гуруҳҳои террористӣ ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG