Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили эътилофи ҳукуматӣ ба таъхир афтод


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко

Дар лаҳзаҳои охир дархостҳои ҳизби «Баткившина»-и Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина умедҳоро барои ташкили эътилофи нави ҳукуматӣ барбод дод.

28 март ин ҳизб хабар дода буд, ки бахше аз қарордоди ҳатмии эътилофи нав хоҳад буд, то ба ин тартиб ба бӯҳрони сиёсӣ хотима дода шавад. Ин бӯҳрон анҷоми ислоҳотеро, ки аз он Ғарб ҷонибдорӣ мекунад ва ҳамчунин дарёфти қарзҳоро ба таъхир андохтааст.

Аммо Тимошенко дар мулоқоти аъзои пешбинишудаи эътилофи нав 30 март дархостҳои нав ба миён ниҳод ва гуфт, ки молиёт аз пардохтҳои нафақаро канор гузоранд ва нархи нируи барқ ва маводи сӯхтро дубора поин биёранд.

Боло бурдани нархи энержӣ яке аз шартҳои калидии ислоҳотест, ки Сандуқи Байналмиллалии Пул онро барои барномаҳои наҷоти молии Украина тақозо мекунад.

Намояндагони порламон баъд аз ин мулоқот гуфтанд, ки бо вуҷуди эълони умедвориҳои нахуствазир Арсений Ятсенюк дар бораи ташкили эътилоф чунин эътилоф ташкил нашудааст.

Шоми 28 март имкони ташкили эътилофи нав бо “Баткившина” ва ҷиноҳи президент Петро Порошенко дар порламон ба вуҷуд омада буд.

Акнун Тимошенко талаб дорад, ки қонунҳои сиёсӣ тағир ёбанд ва пеш аз ҳамроҳ шудан ба эътилоф ин тағирот ба райдиҳӣ гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG