Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов дар Чин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт


Jahon Qurbonov
Jahon Qurbonov

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар Чин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи Осиё ва Уқёнус, ки дар Чин ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 91 кило рӯзи 29 март дар даври чаҳорякниҳоӣ Сергей Паренкоро аз Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Рақиби Ҷаҳон дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 31 март баргузор мешавад, аз Чин мебошад. Агар Ҷаҳон дар ин бозӣ ҳам пирӯз шавад, ба финал мебарояд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мегардад. Вале агар муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ шикаст хӯрад, он гоҳ барои ҷойи севум ва дарёфти роҳхати олимпӣ боз як қувваозмоӣ анҷом медиҳад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Бобоҷон Маҳмадрасулов, дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон, рӯзи 30 март хабар дод. Ӯ афзуд, ки муштзанҳои дигари тоҷик - Мавзуна Чориева, Шоира Зулқайнарова, Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов - дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи литсензионӣ дар Чин шикаст хӯрдаанд.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон, дар вазни то 60 кило аз Шелей Марие (Австралия) ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 75 кило аз Ли Киан (Чин) мағлуб гаштаанд. Қаблан Шоира рақиби пурзӯраш Пуҷа Ранӣ аз Ҳиндустон ва Мавзуна Чориева рақибаш Диана Надим аз Афғонистонро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд.

Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов низ дар ин мусобиқа бо нокомӣ рӯбарӯ шудаанд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар вазни то 81 кило қаблан бар рақибаш аз Австралия ғолиб омада буд, дар чаҳорякфинал бо Элшод Расулов аз Узбакистон рақобат кард ва аммо қувваозмоиро бохт.

Мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар шаҳри Киани Чин, ки 25 март оғоз ёфта буд, то 2 апрел идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар шомиланд. Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шӯҳрат Сабзаалиев (49 кг), Файзмамад Малахбеков (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шараф Давлатов (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), дар сабқати занон Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг) намояндагӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, аз байни муштзанҳои тоҷик танҳо Ҷаҳон Қурбонов муборизаро барои роҳхати олимпӣ идома медиҳад.

Рӯзи 31 март даври ниманиҳоӣ барпо мегардад. Рӯзи 1 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -49, -52, -56, -69, -75, -81 кг ва рӯзи 2 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -60, -64, -91, +91 кг ва миёни занон дар вазнҳои -51, -60, -75 кг сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG