Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии даври охирини марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” ва Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Ин бозӣ рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7 ҳазору 500 тамошобин баргузор шуд.

Мухлисони мунтахаби Қирғизистон гурӯҳи беш аз саднафарии ҷавонон (писарону духтарон) буданд, ки дар донишгоҳҳои Душанбе таҳсил мекунанд. Инчунин, кормандони сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ба тамошои ин бозӣ омада буданд.

Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, баъд аз шикаст хӯрдани дастааш аз тими миллии Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 ва бозгашт ба Душанбе ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Бинобар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, ба майдон омад.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон шурӯъ шуд. Онҳо дар назди дарвозаи меҳмонон вазъиятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, вале ҳамлагарон Аҳтам Ҳамроқулов, Манучеҳр Ҷалилов борҳо тӯбро ба нишон расонида натавонистанд. Дар футбол мегӯянд, ки агар ту гол назанӣ, гол мехӯрӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд. Виталий Люкс, бозигари мунтахаби Қирғизистон, тӯбро дар дақиқаи 18-ум ба дарвозаи мизбонон ворид карда, ҳисобро боз намуд. Ин голи ягона дар ин бозӣ ҳалкунанда шуд.

Ин бозии дувоздаҳуми дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар замони истиқлолияти ҳарду кишвар ба шумор мерафт. Дар ҳафт бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд, дар се бозӣ футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд ва ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Алишер Додов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев,Нуриддин Давронов (капитан),Ҷаҳонгир Алиев (Дилшод Восиев, 46), Сиёвуш Асроров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев (Хуршед Маҳмудов, 74), Манучеҳр Ҷалилов, Аҳтам Ҳамроқулов (Комил Саидов, 62).

Мураббии калон: Роман Пилипчук (Украина).

Ҳайати мунтахаби Қирғизистон: Павел Матяш, Валерий Кичин, Виктор Майер, Азамат Бойматов (капитан), Аҳлиддин Исроилов, Даниэл Тэго, Виталий Люкс, Бахтиёр Дуйшобеков, Фарҳат Мӯсобеков (Мирлан Мурзаев, 56), Антон Землянухин (Ғайрат Жиргалбек уулу, 77), Эдгар Бернхардт (Павел Сидоренко, 82).

Сармураббӣ: Александр Крестинин (Русия).

Огоҳонида шуданд: Даниэл Тего (55). Павел Матяш (90+2).

Сардовар: Азим Осимов (Узбакистон).

Ёдовар мешавем, бозии аввали дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон 8 октябри соли гузашта дар Бишкек бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфта буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” рӯзи 29 март мунтахаби Австралия дар майдони худ дастаи Урдунро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Ба ин тартиб, баъд аз ҷамъбасти мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 21 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 11 имтиёз ҷойи севумро азони худ кард, мустақиман ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳхат гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бо 5 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол намуд. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "В":

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ширкати худро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 анҷом дод, ҳамакнун барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 тавассути бозиҳои плей-офф, ки 2 ва 7 июн баргузор мешаванд, мубориза мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG