Пайвандҳои дастрасӣ

Истирдоди аъзои гурӯҳи мазҳабӣ аз Черногория


Мақомоти Черногория 58 хориҷӣ, аз ҷумла, 43 шаҳрванди Русияро, барои узвияташон дар як гурӯҳи мазҳабӣ аз кишвар истирдод кард. Мақомоти полис номи гурӯҳи мазҳабиро ошкор накардаанд, аммо расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 29 март навиштаанд, гап аз гурӯҳи Аум Сенрикё меравад, ки соли 1995 дар метрои шаҳри Токио ҳамлаи газӣ анҷом дода буд.

Вазорати умури дохилии Черногория мегӯяд, аъзои гурӯҳи мазҳабӣ бо далели надоштани ҳаққи иқомат аз кишвар берун карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки миёни истирдодшудаҳо шаҳрвандони Ҷопон, Украина ва Узбакистон низ ҳастанд. Онҳо ба полис баёнот доданд, ноутбук ва телефонҳои дастияшон барои озмоиш мусодира шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG