Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти чор муштзани тоҷик дар Чин


Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ

Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ

Дар Чин мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи Осиё ва Уқёнус, ки 25 март шурӯъ шуд, то 2 апрел идома хоҳад кард.

Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов - чор муштзани тоҷик дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар Чин шикаст хӯрдаанд.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон, дар вазни то 60 кило бозиро ба Шелей Марие, намояндаи Австралия ва Шоира Зулқарнаева дар вазни то 75 кило бозиро ба Ли Киан, рақибаш аз Чин, бохтаааст. Қаблан Шоира рақиби пурзӯраш Пуҷа Ранӣ аз Ҳиндустон ва Мавзуна Чориева рақибаш Диана Надим аз Афғонистонро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд.

Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов низ дар ин мусобиқа бо нокомӣ рӯбарӯ шудаанд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар вазни то 81 кило қаблан бар рақибаш аз Австралия ғолиб омада буд, дар чаҳорякфинал бо Элшод Расулов аз Узбакистон рақобат кард ва аммо бозиро бохт.

Мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар шаҳри Киани Чин, ки 25 март оғоз ёфта буд, то 2 апрел идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.

Ба ҳайати мунтахаби кишвар 11 варзишгар шомиланд. Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шӯҳрат Сабзаалиев (49 кг), Файзмамад Малахбеков (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шараф Давлатов (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), дар сабқати занон Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқарнаева (75 кг) намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи 31 март даври ниманиҳоӣ барпо мегардад. Рӯзи 1 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -49, -52, -56, -69, -75, -81 кг ва рӯзи 2 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -60, -64, -91, +91 кг ва миёни занон дар вазнҳои -51, -60, -75 кг сурат мегирад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG