Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Украина рӯзи 29 март барои барканории Виктор Шокин аз мақоми Додситони кулли Украина иҷоза дод. Аз ин тасмими Верховная Рада 289 вакил пуштибонӣ карданд. Ба ин васила, аризаи истеъфои Додситони кулл барои истеъфо пазируфта шуд. Раисиҷумҳур Петро Порошенко миёнаҳои моҳи феврал, баъд аз иттиҳом алайҳи Виктор Шокин дар фасод ва монеъагузорӣ дар роҳи ислоҳот, аз ӯ хоста буд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Қабл аз раъйдиҳӣ дар Верховная Рада маълум шуд, ки Шокин муовинаш Давид Сакварелидзеро аз мақомаш озод кардааст – Сакварелидзе қаблан чанд бор изҳор карда буд, Додситони кулл муфаттишонеро барканор мекунад, ки парвандаи додситонҳои фасодзадаро тафтиш мекунад. Давид Сакварелидзе назорати тафтиши ин парвандаи пурсару садоро бар ӯҳда дошт.

Дар Додситонии кулл гуфтанд, ки барканории Сакварелидзе дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифтааст, зеро ӯ додситони вилояти Одесса аст ва ҳаққи ҳамзамон ишғол кардани мақоми муовини Додситони куллро надорад.

Давид Сакварелидзе, аз ҳампаймонҳои раисиҷумҳури пешини Гурҷистон ва волии феълии вилояти Одесса, яке аз чеҳраҳои калидӣ дар ислоҳот дар бахши ҳифзи тартибот ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар Гурҷистон буд. Ӯ 11 феврали соли гузашта шаҳрвандии Украинаро қабул кард ва муовини Додситони кулли кишвар таъин шуд.

XS
SM
MD
LG