Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопайморабо хостори паноҳандагӣ шуд


Марде, ки ҳавопаймои мусофирбари A320-и ширкати Egyptair-ро рабуда буд, хостори паноҳандагӣ дар Қибрис шудааст. Дар ин бора рӯзи 29 март радиои Миср хабар дод.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Миср, ҳавопайморабо – шаҳрванди ин кишвар аст.

Аз ин пеш дар натиҷаи музокирот 50 тан аз мусофирон – шаҳрвандони Миср раҳо карда шуданд. Ба иттилои ширкати Egyptair, дар ҳавопаймо чаҳор шаҳрванди хориҷӣ ва панҷ сарнишин боқӣ мондаанд.

Ҳавопаймои мусофирбари A320-и ширкати Egyptair, ки рӯзи 29 март аз сӯи шахси ношинос рабуда шуд, дар фурудгоҳи шаҳри Ларнакӣ дар Қибрис нишаст. Ҳавопаймо аз шаҳри Искандария сӯи Қоҳира парвоз мекард. Ба гуфтаи командири ҳавопаймо, яке аз мусофирон бо камарбанди дорои маводи тарканда, талаб намуд, ки самти парвоз тағйир дода шавад.

Расонаҳои Қибрис навиштанд, ки шаҳрванди Миср шояд бо далелҳои шахсӣ ҳавопайморо рабудааст, зеро ҳамсари собиқаш дар Қибрис зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG