Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ҳамлаи террористӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дасти кам се нафар кушта ва беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои полис, таркиш рӯзи 29 март дар назди коргарони дар хиёбони Тайёрон ҷамъомада, тақрибан як километр дуртар аз макони эътирози ҷонибдорони рӯҳонии бонуфузи шиа Муқтадо Садр рӯй дод. Эътирозгарон ислоҳоти сиёсиро талаб доранд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Аммо ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, ҳама ҳамлаҳои моҳҳои ахир дар кишвар аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудаанд. Ин гурӯҳи тундрав айни ҳол манотиқи шимолӣ ва ғарбии Ироқро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG