Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар натиҷаи музокирот бо афроде, ки ҳавопаймои мусофирбари A320-и ширкати Egyptair-ро рабуданд, 50 тан аз мусофирон – шаҳрвандони Миср раҳо карда шуданд. Ба иттилои ширкати Egyptair, дар ҳавопаймо 5 шаҳрванди хориҷӣ ва 7 сарнишин боқӣ мондаанд.

Ҳавопаймои мусофирбари A320-и ширкати Egyptair, ки рӯзи 29 март аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст, дар фурудгоҳи шаҳри Ларнакӣ дар Қибрис нишаст.

Ҳавопаймо аз шаҳри Искандария сӯи Қоҳира парвоз мекард. Бино ба хабарҳо, дар ҳавопаймои рабудашуда 55 мусофир ва 7 сарнишин ҳузур доштанд. Командири ҳавопаймо иттилоъ додааст, ки яке аз мусофирон бо камарбанди маводи тарканда талаб намуд, ки самти парвоз тағйир дода шавад.

Шумораи ҳавопайморабоён ва талабҳои онҳо алҳол маълум нест. Яке аз ҳавопайморабоён талаб кардааст, ки кормандони полис ба ҳавопаймо наздик нашаванд.

Аз ин пеш нашрияи юнонии Protothema хабар дода буд, ки ҳавопайморабоён ҳама занону кӯдакони дорои шаҳрвандии Мисрро раҳо карданианд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар Қибрис ду ситоди бӯҳронӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG