Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон, маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳо бо навиштаҷоти ҳуруфи форсӣ ва забонҳои чинию покистонӣ, ки барои харидорон номаълум аст, мусодира мешаванд.

Ин манба мегӯяд, мусодираи ин гуна маҳсулот дар тамоми бозорҳои 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз шудааст.

Аскаралӣ Соҳибназаров, муовини раёсати Тоҷикстандарти вилояти Хатлон рӯзи 29 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон маҳсулоте, ки дар бозорҳо ба фурӯш гузошта мешаванд, бояд навиштаҷоти онҳо бо забони давлатӣ бошад.

Вай гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон маҳсулоти навиштаҷоташон ба забонҳои хориҷӣ мусодира гардида ва дастур шудааст, минбаъд ҳар маҳсулоте, ки ба бозор ворид мешавад, бояд тамғагузорӣ ва маълумотҳои зерчаспҳояш бо забони давлатӣ бошад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Хатлон дар семоҳи соли равон зиёда аз даҳ маротиба несту нобудкунии маҳсулоти муҳлаташон гузашта сурат гирифта ва соҳибкороне, ки ин гуна маҳсулотро фурӯхтаанд, муҷозот шудаанд.

XS
SM
MD
LG