Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, дар рӯзҳои наздик алайҳи Владимир Путин ва атрофиёнаш ҳамалоти иттилоотӣ омода мешавад.

Ҷаноби Песков рӯзи гузашта дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт: "Бовар дорем, дар ин ҳамлаи иттилоотӣ на танҳо журналистон, балки намояндагони созмонҳо ва хадамоти дигар ширкат доранд. Дар рӯзҳои наздик онҳо дар Олмон, Амрико, Британияи Кабир, Швейсария, Русия ва матолиби худро интишор хоҳанд кард".

Ӯ гуфтааст, ки Консорсиюми байналмилалии таҳқиқоти журналистӣ барои пайдо кардани иттиоот дар бораи Путин, оилааш, дӯстони даврони бачагиаш, соҳибкорон (Ковалчук, Ротенберг) ва ширкатҳои офшорӣ ба ҷониби Русия муроҷиат кардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Песков, агентиҳои маъруфи байналмилалӣ низ барои интишори матолиб дар ин замина омодагӣ мегиранд. Дар ин матолиб иттилоот дар бораи ҷиноят ва фасоди созмонёфта, робитаи Путин бо соҳибкорон, додани қарордодҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва сарватмандшавии соҳибкорон аз ҳисоби Путин дарҷ хоҳад шуд.

Дмитрий Песков ин иқдомро "худнамоӣ"-и навбатӣ хонда ва гуфтааст, ки Кохи Кремл ба саволҳои ворида посух нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG