Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабари Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, се муҳоҷири кории тоҷик бар асари сӯхтор дар майдони сохтмон дар шаҳри Сургут ҷон бохтаанд.

Ҳодисаи сӯхтор субҳи сешанбеи 29 март соати 3.13 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дода ва он майдони 40 метри мураббаро фаро гирифтааст.

10 техникаи оташнишон дар муддати як соат оташро хомӯш кардааст. Дар маҳалли ҳодиса се ҷасади комилан сӯхта кашф шудааст. Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

XS
SM
MD
LG