Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакпарронӣ ба сӯи порламон дар Кобул


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки шӯришиёни Толиб 28 март дар Кобул ба сӯи бинои порламон чанд мушак партоб кардаанд. Партоби мушакҳо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар ҳамон лаҳзаҳо як мақоми баландпояи кашф ва кафили вазири корҳои дохилаи Афғонистон дар порламон бояд суханронӣ мекарданд.

Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтаанд. Касе дар ин ҳамла кушта нашудааст. Сафиуллоҳ Муслим-намояндаи порламон аз вилояти Бадахшони Афғонистон гуфт, “се мушак ба сӯи порламон партоб шуд, вале онҳо ба бинои асосӣ нарасидаанд. Иҷлоси порламон дар он вақт идома дошт”.

Дар Кобул гаҳ-гоҳе ба сӯи биноҳои ҳукуматӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ мушак партоб мешавад. Моҳҳои охир партоби мушак дар Кобул бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG