Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкеку Маскав ҳамкориҳои низомиро баррасӣ мекунанд


Марат Кенжисариев

Марат Кенжисариев

Ситоди умумии нируҳои мусаллаҳи Қирғизистон хабар додааст, ки як ҳайати низомии ин кишвар дар Маскав ҳамкориҳои низомӣ бо Русияро баррасӣ мекунад. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия 28 март гузориш додаанд.

Қирғизистон ҳамчунин дар бораи ташкили як пойгоҳи муштараки низомии Русия-Қирғизистон дар қаламрави Қиғизистон гуфтугӯ мекунад.

Боздиди кории ин ҳайат аз 29 то 1 апрел давом мекунад. Дар таркиби ин ҳайат Марат Кенжисариев-раиси Кумитаи давлатии дифоъ, Нурлан Чомоев-муовини раиси Ситоди умумии нируҳои мусаллаҳ дохил мешаванд.

Ҳоло дар қаламрави Қирғизистон баъзе нуқтаҳои низомии Русия қарор доранд. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки ин нуқтаҳоро ба таркиби пойгоҳи муштарак дохил кунанд.

Аз ҷумла пойгоҳи инизомии Русия дар Кант ба ин пойгоҳ ҳамроҳ хоҳад шуд. Пештар байни Русияву Қирғизистон тавофуқ ба даст омда буд, ки Русия ба арзиши 1 миллиард долар дар ихтиёри Қирғизистон аслиҳа ва техникаи муосири низомӣ хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG