Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти эътилофи низомӣ дар Риёз


Аҳмад Ассирӣ
Аҳмад Ассирӣ

Раҳбарони низомии кишварҳои узви эътилофи зидди терроризми зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ 27 март дар Риёз музокира анҷом доданд. Моҳи декабри соли гузашта Саъудӣ аз ташкили эътилофи низомӣ хабар дод, ки дар он 34 кишвар узвият доранд. Сипас дар охири моҳи феврал ин эътилоф машқҳои густардаи низомӣ анҷом дод.

Аҳмад Ассирӣ-фармондеҳи бригадаи низомии Саъудӣ баъд аз музокироти Риёз ба хабарнигорон гуфт, ки ин эътилоф хиштҳои аввали пояҳои ин эътилофро мегузорад.

Ассирӣ гуфт, ки Риёз бинои маъмурии ин эътилоф ва сармояи ҳамоҳангсози ин эътлофи навро фармоиш додааст. Вай гуфт, ки эътилоф дар чаҳорчӯбаи қатъномаҳои СММ ва аҳдномаҳои эътирофшуда фаъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи Ассирӣ, мулоқоти раисони ситодҳои низомӣ заминаро барои мулоқоти ояндаи наздики вазирони дифои кишварҳои узв фароҳам кард.

Ба ин эътилоф аслан кишварҳои суннимазҳаб, аз ҷумла Туркия-кишвари узви паймони НАТО ва Покистон- кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG