Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Поп Франсиск ба пуштибонӣ аз паноҳҷӯён


Раҳбари католикҳои ҷаҳон Поп Франсиск рӯзи якшанбе ба муносибати "Иди пок" паёми анъанавиаш "Шаҳру ҷаҳон"-ро ироа кард ва дар бораи хушунат, беадолатӣ, хатар ба сулҳу амнияти ҷаҳон мавъиза намуд.

Вай дар ин мавъиза гуфт, мушкили паноҳҷӯёнеро, ки аз ҷанг, гуруснагӣ, фақр ва нобаробарии иҷтимоӣ фирор кардаанд, набояд фаромӯш кард. Дар робита ба ҳамлаҳои террористии ахир дар Брюсселу Туркия ва кишварҳои дигар, Поп Франсиск гуфт, ҷаҳон дар муқобили "хушунат" бояд аз муҳаббат сипар созад.

Роҳбари католикҳои ҷаҳон дар ин мавъиза аз вазъи Сурия, Украина ва Шарқи Наздик ёдовар шуд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки гуфтугӯи сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифони Сурия билохира ба хатми ҷанг дар ин кишвар меанҷомад. Вай ҳамчунин даъват кард, ки ба низои Украина хотима дода шавад.

Дар соли ҷорӣ "Иди пок" дар Ватикан таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG