Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр ва Давлатмад аз асорати қочоқбарон озод шуданд


Бахтиёр Давлатов ва Давлатмад Мирзоев, ду сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), баъд аз зӯҳри 28 март аз асорати гурӯҳи қочоқбари афғон раҳо шудаанд.

Бахтиёр Давлатов - сокини деҳаи Саримарғзори ҷамоати Ёл ва Давлатмад Мирзоев - сокини деҳаи Сафедоби ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) баъд аз зӯҳри 28 март аз асорати қочоқбарони афғон раҳо шудаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар ин бора ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки "вазъи саломати ин ду нафар хуб буда, алакай ба кишвар интиқол ёфтанд".

Аммо то ҳол дар бораи ҷузъиёти музокироти мақомҳои Тоҷикистону Афғонистон дар бораи раҳоии Бахтиёр ва Давлатмад ҷузъиёт дода намешавад ва маълум нест, ки озодии онҳо бар асоси чӣ шарте сурат гирифтааст? Қабл аз раҳоии ин ду нафар як манбаъ дар мақомоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфта буд, ки қочоқбарон шарт гузоштаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро бар ивази раҳоии ду ҳамроҳашон озод хоҳанд кард.

Ду тан аз шаҳрвандони Афғонистон, ки аз ҳамроҳони кочоқбарон дониста мешаванд, дар боздоштгоҳи Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд.​

Музокироти мақомоти Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарон барои раҳоии ду шаҳрванди кишвар субҳи 28 март оғоз ёфт. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гуфта буд, ин музокира дар шароити сангин шурӯъ шуда, Тоҷикистон танҳо барои озодии ду шаҳрвандаш вориди ин гуфтугӯ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтанд, ки барои раҳоии ду сокини ба гараф уфтодаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) гурӯҳи махсус созмон доданд. Аҳмаднабӣ Фурутун, сухангӯи волии Бадахшони Афғонистон, рӯзи 28 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи вижа аз ҳисоби мақомоти интизомӣ таъсис ёфта, талош доранд, то бидуни осеб шаҳрвандони Тоҷикистонро озод кунанд.

"Ин нафаронро гурӯҳи кочоқчӣ рабудааст. Шахсияташон барои мақомот рӯшан шудааст. Аммо ҳоло дақиқ намедонем, ки чи гуна онҳо ҷуръати рабудани атбои Тоҷикистонро кардаанд. улусволии Хохоҳон яке аз амнтарин улусолвии Бадахшон аст ва он ҷо ҳарфе аз толибу дигар гурӯҳҳои терустӣ нест. Умедворам, ки ба зудтарин фурсат ин шаҳрвандони Тоҷикистон раҳо хоҳанд шуд," - гуфта буд сухангӯи волии Бадахшон.

Нисфирӯзи 25 март як гурӯҳи қочоқбари афғон, ки аз раҳбари онҳо “Наҷиб” ном бурда мешавад, як сокини ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи ҳоло Шамсиддини Шоҳинро захмӣ карда, ду нафари дигарро бо худ бурдаанд. Табибони бемористони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки рӯзи ҷумъа Давлатҷон Ёқубови 23-сола ба бемористони онҳо оварда шуд ва ҳоло таҳти назорати табибон аст.

Масофаи қитъаи роҳи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бунёди ин роҳро ширкати "Текар"-и Туркия бар ӯҳда дорад.

Тайи тақрибан як моҳи охир ин ҳамлаи дувуми афроди мусаллаҳ аз сӯи Афғонистон ба Тоҷикистон аст. Субҳи 5 март дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа як афсари тоҷик ба ҳалокат расид

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ, омода ҳастанд.

XS
SM
MD
LG