Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Қирғизистон, сафари Салоҳиддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба ин кишвар ба таъвиқ афтодааст.

Интизор мерафт, Салоҳиддин Раббонӣ рӯзҳои 28-29 марти соли ҷорӣ бо як дидори расмӣ вориди Қирғизистон шуда ва бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари ин кишвар мулоқот кунад.

Вазорати хориҷаи Афғонистон зимни як ёддошт далели ин амрро "ба ҳузури ҳатмии вазири хориҷа дар баррасии масоили мубрами ин кишвар дар Кобул" марбут хондааст.

XS
SM
MD
LG