Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон нерӯҳояшро аз Чаласарт берун бурдааст


Узбакистон тамоми нерӯҳояшро аз минтақаи Чаласарт дар марз бо Қирғизистон берун бурдааст. Раиси хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев дар сӯҳбати телефонӣ ба раисиҷумҳури он кишвар Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки 26 март ҷониби Узбакистон техникаи ҳарбӣ ва низомиёнашро аз минтақаи баҳсноки марзии Чаласарти ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод берун бурдааст.

Раиси хадамоти давлатии марзбонӣ хабар додааст, ки тибқи қарордоди ҳосилшуда, ниҳодҳои марзбонии ҳар ду кишвар тартиби маъмулии ҳифозати марзро идома медиҳанд.

Канор бурдани техникаи ҳарбӣ ва низомиёни узбак баъд аз мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Узбакистону Қирғизистон дар рӯзи 25 март дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Қия-автодорожний” шурӯъ шудааст. Ба иттилои маркази матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин мулоқот бо дархости ҷониби Узбакистон сурат гирифтааст.

Бӯҳрони навбатӣ дар марз замоне сар зад, ки 18-уми март ҷониби Узбакистон дар минтақаи баҳсноки марзӣ сарбозон ва техникаи ҳарбиро ҷобаҷо кард. Дар посух Қирғизистон низ дар ин минтақа нерӯҳои изофиро ҷойгир намуд.

XS
SM
MD
LG