Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як афғон бо 107 кило нашъа дар Кӯлоб


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб як шаҳрванди Афғонистонро бо 107 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло алайҳи Азизулло валади Зоҳири 36-сола парванда боз шуда, таҳқиқи қазияаш идома дорад.

Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 28 март гуфт, ки боздошти ин шаҳрванди Афғонистон аз сӯи кормандони раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи панҷшанбеи гузашта сурат гирифтааст. “Ӯ мехост, беш аз 107 кило маводи мухаддирро дохили шаҳри Кӯлоб кунад. Аз ин миқдор 97 килою 424 грамм бангдона, 9 килою 266 грамм ҳашиш ва 956, 8 грамм афюн будааст,” - афзуд манбаъ.

Вазорати корҳои дохилӣ мегуяд, Азизулло валади Зоҳир узви як шабакаи ҷиноятӣ дар Афғонистон буда, барои ба Тоҷикистон қочоқ намудани маводи мухаддир машғул будааст.

XS
SM
MD
LG