Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Брюссел рӯзи 27 март алайҳи нажодпарастон ва фанатҳои футбол дар майдони Биржа, ки он ҷо хотираи қурбониёни таркишҳо дар ин шаҳр пос дошта мешавад, аз мошинҳои обпош истифода бурд.

Ба иттилои хабаргузории France-Presse, полис барои истифода аз нерӯ баъди он маҷбур шуд, ки издиҳоми иборат аз тақрибан 200 нафари сиёҳпӯш бо шиорҳои нажодпарастона ва зидди муҳоҷирон ба майдон наздик мешуд. Чандин нафар боздошт шуданд.

Қарор буд, ки рӯзи 27 март дар Брюссел “Раҳпаймоӣ алайҳи тарс” баргузор шавад. Раҳпаймоӣ ибтикори Парлумони Аврупо буд ва дар он бояд ёди қурбониён гиромӣ дошта мешуд. Он ҳамчунин бояд собит мекард, ки мардуми Белгия аз терроризм тарсе надоранд.

Вале муовини нахуствазир, вазири умури дохилии Белгия Ян Ямбон ва шаҳрдор ё бургомистри Брюссел Иван Майер аз мардум даъват карданд, ки баргузории раҳпаймоиро барои чанд ҳафта мавқуф гузоранд, зеро айни ҳол истифодаи нерӯи полис барои таъмини амният ва тафтиши ҳамлаҳои Брюссел муҳимтар аст.

Бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар фурудгоҳ ва метрои пойтахти Белгия рӯзи 22 март 31 нафар ҷон бохта, тақрибан 270 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG