Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Башор Асадро барои Палмира табрик кард


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамтои суриягияш Башор Асадро бо пирӯзии нерӯҳои ҳукуматӣ дар набардҳо барои шаҳри бостонии Палмира табрик гуфтааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, гуфт, ки сӯҳбати телефонӣ рӯзи 27 март баъд аз пахши хабар дар бораи аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Сурия озод шудани Палмира баргузор гардид. Путин Башор Асадро табрик намуда, ба муҳим будани ҳифзи шаҳри бостонии Палмира барои фарҳанги ҷаҳонӣ таъкид кард, афзуд Дмитрий Песков.

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия шаҳри бостонии Палмираро аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” пурра озод карданд. Дар ин бора рӯзи 27 март расонаҳои давлатии Сурия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд.

Телевизиони давлатии Сурия рӯзи якшанбе хабар дод, ки артиш ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ назорати шаҳрро пурра дар ихтиёр доранд. Ба иттилои Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, субҳи якшанбе дар қисматҳои шарқии Палмира садои тирандозӣ ба гӯш мерасид, аммо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” сӯи шарқи кишвар ақибнишинӣ карданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, чандин ёдгории бостонӣ, аз ҷумла, маъбади “Бел”, бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна ва маъбади “Баъли шамин”-ро хароб кард.

ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” номидааст.

XS
SM
MD
LG