Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум. Бо террор бо силоҳи муҳаббат биҷангем


Попи Рум Франсиск дар паёмаш ба шарафи Пасха ё Иди Пок рӯзи 27 март терроризмро маҳкум кард, масъалаи муҳоҷиронро ба миён гузошт ва хостори хатми ҳарчӣ зудтар низоъҳои хунин дар сартосари олам шуд. Ӯ дар паёмаш гуфт, ки Худованд тавассути муҳаббат аз болои худпарастӣ ва марг пирӯз шудааст ва аз ин рӯ "мардум ҳам дар мубориза бо хушунати кӯр-кӯрона бояд аз силоҳи муҳаббат истифода кунанд".

Ниёиш ба шарафи иди Эҳёи Исои Масеҳ дар майдони Петри Муқаддаси Вотикан дар вазъи чораҳои шадиди амниятӣ сурат гирифт, зеро ҳамагӣ чанд рӯз пеш бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Брюссел 31 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Попи Рум Франсиск рӯи мавзӯи муҳоҷирон тамаркӯз кард ва хостори сулҳу ҳалли низоъҳо дар Украина, Яман, Ироқ, Либия, Бурундӣ, Мозамбик, Судон ва Конго шуд. Ӯ ҳамчунин аз Исроилу Фаластин даъват кард, ки музокироти сулҳро идома диҳанд. Попи Рум изҳори умедворӣ намуд, ки музокироти сулҳ миёни ҳукумати Сурия ва мухолифин ба ин кишвари ҷангзада сулҳ меоварад.

XS
SM
MD
LG