Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия шаҳри бостонии Палмираро пурра аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд. Дар ин бора рӯзи 27 март расонаҳои давлатии Сурия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд. Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия, артиш ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ назорати шаҳрро пурра дар ихтиёр доранд.

Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дод, ки субҳи якшанбе дар қисматҳои шарқии Палмира садои тирандозӣ ба гӯш мерасид, аммо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” сӯи шарқи кишвар ақибнишинӣ карданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, баъд аз чанд муддат маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна маҳсуб мешуд ва маъбади “Баъли Шамин”-ро хароб кард. Баъдан ситезаҷӯён чанд осори бостонии дигар, аз ҷумла, се манораи солҳои 44 ва 103-юми мелодӣ бунёдшуда ва бинои таърихии “Тоҷи нусрат”-ро, ки даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ бунёд шуда буд, тахриб карданд.

ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намодҳо ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG