Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи Брюссел то 29 март баста хоҳад буд


Фурудгоҳи Брюссел баъди ҳамлаи террористӣ

Фурудгоҳи Брюссел баъди ҳамлаи террористӣ

Фурудгоҳи шаҳри Брюссел то рӯзи 29 март баста хоҳад буд. Дар ин бора масъулин рӯзи 26 март дар як изҳорот аз тариқи сомонаи интернетии фурудгоҳ хабар дода, онро бо андешидани чораҳои нави амниятӣ баъд аз ҳамлаҳои маргбор дар Брюссел рабт доданд.

Бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар фурудгоҳ ва метрои пойтахти Белгия рӯзи 22 март 31 нафар ҷон бохта, тақрибан 270 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

Бино ба изҳорот, ҳоло гурӯҳи маҳдуди муҳандисон ва кормандони фаннӣ дар дохили фурудгоҳанд то кори системи фановариҳои технологӣ, миқёси хисороти воридшуда ва мӯҳлати таъмири терминалро муқаррар кунанд.

Бино ба хабарҳо, мақомоти амниятии Белгия ҳуввияти ду нафар аз маргталабон – Наҷим Лашрӯӣ ва Иброҳим Бакрауиро муқаррар карданд, ки худро дар фурудгоҳи Завентеми Брюссел тарконида буданд.

Дар ҳамин ҳол полиси Брюссел рӯзи 25 март дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ се нафарро боздошт кард. Ба иттилои телевизиони давлатии Белгия, яке аз боздоштшудаҳо дар халтааш маводи тарканда дошт.

XS
SM
MD
LG