Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА ва НАТО ҷанг бо террорро баррасӣ мекунанд


Обама ва Столтенбенг. Акс аз бойгонӣ

Обама ва Столтенбенг. Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзҳои наздик мавзӯи мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро, ки дар бисёр кишварҳо мамнӯъ эълон шудааст, баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Кохи Сафед, ки рӯзи 26 март ироа шуд, ин гуфтушунид рӯзи 4 апрел дар Вошингтон баргузор мешавад. Обама ва Столтенберг рӯи бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо, нишасти сарони кишварҳои узви НАТО, ки қарор аст моҳи июн дар Варшавад доир шавад, ҳамчунин рӯи тақвияти нақши ин ниҳоди низомӣ дар Аврупои Шарқӣ чун вокуниш ба аъмоли Русия дар шарқи Укриана тамаркӯз хоҳанд кард.

Дар хабари Кохи Сафед гуфта шудааст, Барак Обама дар мулоқот бо Йенс Столтенберг ба ҳамраъйии Вошингтон бо кишварҳои узви НАТО дар робита ба ҳамлаҳои террористии дар шаҳри Брюссел, ки ситоди марзии Паймони Атлантикаи Шимол он ҷо мустақар аст, таъкид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG