Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи ҷумъа аз ҷониби Афғонистон, қатъ шуда буд, ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст. Дар пайи ҳодисаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон дар минтақаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз қатъ шуд буд.

Хабаргузории “Азия плюс” рӯзи 26-уми март аз қавли манобеи худ дар Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишт, дар қитъаҳои ҷудогонаи ин шоҳроҳ тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаи “Азия плюс”, ба мошинҳои борбар ва мусофиркаш, ки як рӯз қабл дар Дарвоз ва Шоҳон ҷамъ омада буданд, иҷозаи ҳаракат ба самти Душанбе ва Хоруғ дода шудааст.

Ба дунболи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи афғон дар минтақаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҳаракат дар масири Кӯлоб-Дарвоз қатъ шуда буд. Ронандаҳое, ки аз самти Душанбе ба Бадахшон ва ҳамин тавр аз Бадахшон ба пойтахт мусофир мебаранд, ба Озодӣ гуфтанд, ки аз нимарӯзи 25-уми март то зӯҳри рӯзи шанбе ба онҳо иҷозаи ҳаракат дар ин масир дода намешуд.

Саидҷон, як ронандаи мусофирбар субҳи рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ сар аз соати 12-и рӯзи гузашта ба ин тараф аз ҳудуди деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз мошинҳоро иҷозаи ҳаракат ба самти Душанбе намедиҳанд. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ронандаҳо, даҳҳо мошине, ки аз самти Душанбе ба Бадахшон қасди cафар доштанд, дар деҳаҳои Кишт ва Хирманҷо – маҳали наздик ба ҷои ҳодиса ҷамъ омада ва мунтазири боз шудани роҳ монданд. Як масъули идораи роҳсозии ноҳияи Дарвоз низ рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, масдуд будани ҳаракат дар ин шоҳроҳро тасдиқ карда буд.

Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин), ки ин қитъаи роҳ аз ҳудуди ҳамин ҷамоат мегузарад, рӯзи 26-уми март дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва роҳи раҳоии гаравгонҳоро меандешанд.

Рӯзи гузашта як гурӯҳи мусаллаҳи афғон, ки аз онҳо ба унвони "гурӯҳи Наҷиб" ном бурда мешавад, як ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон гирифтанд. Ин роҳсозон сокинони ҷамоати Даштиҷум будаанд.

Ба гуфтаи Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷум, зоҳиран сабаби ҳамла "ҷавоб" ба боздошти ду қочоқбари афғон будааст: "Ду рӯз қабл нерӯҳои сарҳадбони тоҷик ду қочоқбарро боздошт карданд ва онҳо дар иваз ҳамла намуда, ду сокини Даштиҷум, ки дар тарҳи Шӯрообод-Шоҳон фаъолият доштанд, гаравгон гирифтаанд."

Хабаргузории Ройтерз аз қавли манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки барои раҳоии афроди рабудашуда чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шавад

Масофаи қитъаи роҳи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бунёди ин роҳро ширкати "Текар"-и Туркия бар ӯҳда дорад.

Тайи бист рӯзи охир ин ҳамлаи дувуми афроди мусаллаҳ аз сӯи Афғонистон ба Тоҷикистон аст. Субҳи 5 март дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа як афсари тоҷик ба ҳалокат расид

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ, омода ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG