Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 25 март бо Ҳидоят Бишчевич - сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти вазорат гуфт, ки дар ин мулоқот “равандҳои муҳими ҳамкорӣ, натиҷаҳои ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо баррасӣ гардиданд.”

Аммо Вазорати корҳои хориҷӣ аз ин бештар тафсилот надод. Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳоди Аврупо низ дар посухҳои катбӣ ба суоли Озодӣ дар бораи ин мулоқоташ гуфтааст, ин дидор танҳо натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел буд.

Ӯ навиштааст: “Тибқи маъмул, пас аз фарҷоми ин ҷаласа бо Сироҷиддин Аслов дидор ва ҷузъиёти ҳамкориҳоро баррасӣ кардем. Дар соли ҷорӣ Шӯрои ҳамкорӣ фаъолиятҳои баъдии худро барои ҳамкориҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва рушди манотиқи деҳот мутамаркиз кардааст. Мо аз таъсири ин ҳамкориҳо дар рушди Тоҷикистон хеле мамнун буда, дар мулоқот бо Аслов дар мавриди марҳилаи ниҳоии омодагӣ ва қабули Стратегияи нави рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ва мусоидату пуштибонии эҳтимолии Иттиҳодияи Аврупо ва шарикони дигари рушд табодули иттилоот сурат гирифт.”

Вале дар посух ба суоли Озодӣ дар ин бора, ки оё дар мулоқоти рӯзи 25 март сарнавишти аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ низ баҳс шуд, ё на, сафири Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар ин бора чизе гуфта наметавонад. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо як моҳ пеш бо пахши “баёнияи вижа дар бораи мурофиаи ҷиноии аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон” гуфта буд, “амиқан нигарони вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба хушунатҳои моҳи сентябри соли гузашта ва талошаш барои масъули он ҳаводис кардани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боқӣ мемонад.” Иттиҳодияи Аврупо инчунин аз ҳабси вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нодира Додоҷонова ва Нуриддин Маҳкамов изҳори нигаронии ҳамсон карда буд.

XS
SM
MD
LG