Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қочоқбарон дар Шӯрообод як нафарро захмӣ карда, ду танро гаравгон гирифтаанд


Бино ба иттилои манобеи Озодӣ, гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон гирифтаанд. Ҷузъиёти ин хабар пайгирӣ мешавад.

Як гуруҳи мусаллаҳи афғон, ки аз онҳо ба унвони "гурӯҳи Наҷиб" ном бурда мешавад, нисфируӯзи 25 март як ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон гирифтааст. Ин роҳсозон сокинони ҷамоати Даштиҷум будаанд.

Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин), ки ин қитъаи роҳ аз ҳудуди ҳамин ҷамоат мегузарад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва роҳи раҳоии гаравгонҳоро меандешанд. Ӯ афзуд, ки зоҳиран сабаби ҳамла "ҷавоб" ба боздошти ду қочоқбари афғон будааст: "Ду рӯз қабл нерӯҳои сарҳадбони тоҷик ду қочоқбарро боздошт карданд ва онҳо дар иваз ҳамла намуда, ду сокини Даштиҷум, ки дар тарҳи Шӯрообод-Шоҳон фаъолият доштанд, гаравгон гирифтаанд."

Як мақоми баландпояи Тоҷикистон низ задухӯрд дар марзро тасдиқ кард ва аммо хабарҳо дар бораи ҳалокати ду роҳсоз дар минтақаи Шӯрообод-Шоҳонро рад намуд. Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шӯрообод дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, вале иттилои дақиқ то як соати дигар пешниҳод хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории "Озодагон" бо такя ба манобеи худ навишт, дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон ду роҳсоз дар минтақаи Шоҳон - Зиғар ба ҳалокат расида, қочоқбарони афғон як роҳсози туркро гаравгон гирифтаанд.

Масофаи қитъаи роҳи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бунёди ин роҳро ширкати "Текар"-и Туркия бар ӯҳда дорад.

Тайи бист рӯзи охир ин ҳамлаи дувуми афроди мусаллаҳ аз сӯи Афғонистон ба Тоҷикистон аст. Субҳи 5 март дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифт.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон он вақт бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, ки "соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5 марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид. Ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои даста мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд".

Баъдан Амонуддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом Cоҳиби Кундуз рӯзи 6 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳ марбут ба Толибон аст ва Мирафзал валади Арбоб, ки мақомоти тоҷик аз ӯ ба унвони раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи 9-нафара ном бурданд, аз қочоқбарони собиқ аст, ки ба ин гурӯҳ пайвастааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ, омода ҳастанд.

ҶУЗЪИЁТИ БЕШТАР ДАР ҲАМИН ҶО НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG