Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Вазири хориҷаи Олмон бо Раҳмон мулоқот мекунад


Рӯзи 1 апрел вазири корҳои хориҷии Олмон ва раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Френк-Валтер Штайнмайер бо як сафари расмӣ аз Душанбе дидан мекунад. Дар раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ҷараёни ин сафар раҳбари сиёсати хориҷии Олмон бо вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳад кард. Мавзӯи музокираҳо – баррасии ҳамкориҳо ва дурнамои равобити Тоҷикистону Олмон мебошад. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки тафсилоти бештари ин мулоқот рӯзи душанбе, 28 март мушаххас хоҳад шуд. Феълан маълум аст, ки мӯҳлати сафари ин мақоми олмонӣ ба Душанбе танҳо як рӯзро ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG