Пайвандҳои дастрасӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва президенти Русия Владимир Путин 24-уми март дидори чаҳорсоата доштанд ва дар он масъалаҳои марбут ба Сурия ва Украина баррасӣ шудаанд. Баъд аз анҷоми дидор Ҷон Керрӣ гуфт, ки гуфтушунид бо Путинро “самарабахш” арзёбӣ мекунад.

Дар нишасти матбуотии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров котиби давлатии ИМА хабар дод, якҷо бо Путин роҳандозии оташбаси воқеӣ дар Донбассро баррасӣ кардааст. Ҳамчунин сарнавишти сарбози украинӣ Надежда Савченко, ки ӯро додгоҳи русӣ 22 сол зиндонӣ кардааст, дар меҳвари ин мулоқот қарор доштааст.

Сергей Лавров гуфт, ки ҷониби Русия ба Ҷон Керрӣ мавқеи худро дар мавриди Савченко шарҳ додааст. Лавров ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ИМА Украинаро барои иҷрои қарордодҳои Минск, ки ҳалли даргирӣ дар Донбассро ҳадаф доранд, “водор” месозад. Лавров ваъда дод, ки Москва низ ба раҳбарияти ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск барои расидан ба ин ҳадаф фишор меоварад.

Ҷон Керрӣ ба хабарнигорон дар Москва гуфт, ҳангоми баррасии масъалаи Сурия бо Путин ҳар ду ҷониб мувофиқ шудаанд, ки барои расидан ба давраи гузариши сиёсӣ дар Сурия талош мекунанд. Дар расонаҳои русӣ хабарҳое пайдо шуд, ки президент Путин аз мавқеи Барак Обама тавсиф кардааст, ки ба хотири он Русия дар Сурия ба “чунин дастовардҳо” ноил шуд.

XS
SM
MD
LG