Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев дар ҳамоиши Тошканд ширкат намекунад


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар кори ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки 23-24-уми моҳи июн дар пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат намекунад. Дар ин бора ба хабарнигорон худи раҳбари Қирғизистон хабар дод.

Мақомоти Қирғизистон пӯшида намедоранд, ки тасмими худдорӣ аз сафар ба Тошканд ба ташаннуҷи вазъият дар минтақаи марзии Чала-Сарти ноҳияи Оқсой вобастааст. Дар ин ҷо баъд аз ҷойгиршавии нерӯҳои Ӯзбекистон Қирғизистон низ нерӯҳои худро ҷобаҷо кард.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Ӯзбекистон ду нота фиристод. Дар посух ба нотаи аввалӣ мақомоти кишвари ҳамсоя вуҷуди техникаи низомиро ба баргузории ҷашнгирии Наврӯз пайванд доданд. Аммо баъд аз анҷоми ин ҷашн низомиён дар минтақаи баҳсноки марзӣ боқӣ монданд. Ба нотаи дувум вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷавобе нагирифтааст.

Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ ҳастанд. Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон аз мақоми нозир дар ин созмон бархурдоранд.

Отамбоев гуфт, Қирғизистон дар масъалаи марз бо касе ҷанг кардан намехоҳад, аммо омодааст зарбаи ҷавобӣ бизанад. Отамбоев гуфт, ба ҷуз аз қитъаи баҳсии марз дар наздикии Чала-Сарт дар ноҳияи Оқсой, Қирғизистон чанд нуқтаи баҳсии дигар дорад, ки бо роҳи гуфтушунид ин баҳсҳоро ҳал хоҳад кард.

Дар минтақаи Чала-Сарти ноҳияи Оқсойи Қирғизистон шоми 18 март дар марзи миёни Ӯзбекистону Қирғизистон ҷониби Ӯзбекистон техникаи ҳарбӣ ва наздики 40 низомиашро ҷойгир кард. Қирғизистон дар посух ҳамин миқдор низомӣ ва техникаи ҳарбӣ ба он минтақаи марзӣ овард. 21 март шумори низомиён аз ду ҷониб кам карда шуд.

XS
SM
MD
LG