Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги афсари рус дар Тадмири Сурия


Афсари нерӯҳои амалиёти махсуси Русия ҳангоми адои супориши ҳарбӣ дар наздикии Тадмур (Палмира)-и Сурия кушта шуд. Дар ин бора ба оҷонсии "Интерфакс" намояндаи пойгоҳи ҳарбии Русия дар Хмеймими Сурия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, афсари низомӣ дар наздикииТадмур давоми ҳафта иншооти муҳими гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро кашф мекард ва барои зарба задани нерӯҳои ҳавоии Русия нуқтаҳои лозимро нишон медод.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ҷараёни амалиёти низомии Русия дар Сурия панҷ хидматчии ҳарбии Русия кушта шудааст. Расонаҳо аз марги 7 нафар хабар медиҳанд.

Рӯзи панҷшанбе хабар расид, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия ба маҷмуаи фарҳангиву таърихии Тадмур, иншооти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО наздик шудаанд.

XS
SM
MD
LG