Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи фарҳанги ба номи Маҳмуди Воҳид дар Ашт


Маҳмуди Воҳид
Маҳмуди Воҳид

Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ашт рӯзи 25 март Кохи фарҳанги ба номи Маҳмуди Воҳид дар маркази ин ноҳия ба истифода дода шуд. Раисиҷумҳур гуфт, ки ин кох бо сармояи 22 миллион сомонӣ дар тӯли тақрибан ду соли охир сохта шудааст.

Ин бино аз ду ошёна иборат буда, толори асосияш 800 ҷойи нишаст дорад. Инчунин, дар ин бино ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ ва толори маҷлис ҷой гирифтаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки Кохи фарҳанги ба номи Маҳмуди Воҳид аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат буда, пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ сохта шудааст.

Ин кох дар дохили Боғи ба номи Маҳмуди Воҳид ва дар рӯбарӯи бинои ҳукумати ноҳия воқеъ аст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки "рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо низ фидоиёни фарҳанги тоҷик ба камол мерасанд."

Маҳмуди Воҳид соли 1939 дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, таваллуд шуда, аз ҳунармандон ва ровиёни шинохтаи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 1977 дар ҷараёни сафари ҳунарӣ дар Бағдод даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG