Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пеш аз мурофиа. "Рустами Калла" дар бемористони қалб бистарӣ шудааст


Акси ҷабрдидаҳои полковник Рустамов

Акси ҷабрдидаҳои полковник Рустамов

Полковники собиқ Рустам Темуров пеш аз оғози мурофиаи додгоҳияш дар бемористони қалби минтақаи Кӯлоб бистарӣ шудааст. Табибон мегӯянд, ки як ҳафта боз фишори хуни ӯ поин намеравад.

Полковники собиқи милиса Рустам Темуров, муллақаб ба "Рустами Калла", пеш аз оғози мурофиаи додгоҳияш дар бемористони қалби минтақаи Кӯлоб бистарӣ шудааст. Дар ин бора нахустин шуда ҷабрдидагони қазияи "Рустами Калла" ба Озодӣ хабар доданд ва рӯзи 25 март ин иттилоъро Равшан Муродов - сартабиби бемористони дили минтақаи Кӯлоб низ тасдиқ кард.

Муродов гуфт, ки Рустам Темиров ба далели баланд шудани фишори хунаш як ҳафта боз бистарист. "Як ҳафта боз фишораш поин намешавад ва мо тамоми талоши худро карда истодаем, ки вазъи саломаташ хуб шавад. Ӯ таҳти назорат аст," - гуфт сартабиб.

Хабари бистарӣ шудани Рустам Темиров, маъруф ба “Рустами Калла” дар ҳолест, ки бино ба иттилои дарёфтии Озодӣ парвандаи полковники собиқ ниҳоӣ шуда ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Моҳе пеш додситонии минтақаи Кӯлоб дар қиболи ин чеҳраи маъруф дар Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Полковник Рустам Темуров, ки 62 сол дорад, солҳои тӯлонӣ дар чанд навоҳии Кӯлоб дар мақоми сардори милиса кор кардааст. Ӯ ду сол пеш пас аз 7 соли кор аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ба нафақа рафт ва, ба гуфтаи наздиконаш, ба тиҷорат машғул буд.

Додситонии минтақаи Кӯлоб ӯро бар асоси қисми чоруми моддаи 250-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне тамаъҷӯӣ дар ҳолати хавфнок ва бо истифодаи силоҳ айбдор медонад. Аз рӯи ин модда полковники собиқро эҳтимоли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол таҳдид мекунад.

Ин парванда бар асоси шикояти сокинони Кӯлоб боз шудааст, ки ӯро дар тасарруф ва азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор долларашон муттаҳам мекунанд.

Раҳимҷон Сафармадов, як сокини Кӯлоб рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки соли 2012 ӯ аз Рустам Темуров 35 ҳазор доллар қарз мегирад, аммо баъдан ин мард аз ӯ бо роҳи таҳдид бар иловаи қарзаш 60 ҳазор долларашро гирифтааст. “Мо ба доми ӯ афтода будем. Бо вуҷуде, ки қарзашро баргардонда будем ва ӯ аз мо қарздор шуда буд, аммо дигар пуламонро пас намедод ва забонхати пештара дар дасташ ба мо таҳдид мекард. Ҷонамон дар лаб расид ва аз болояш шикоят кардем,” –гуфт Раҳимҷон Сафармадов.

Зафар Холов, як ҷабрдидаи дигар мегӯяд, ӯ аз Рустам Темуров қарздор буд, вале ин мард дар баҳои ин қарз хонаи бародарашро гирифт. Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ ва боздошти Рустам Темуров хонаи бародари Зафар баргардонида шуд.​

Номи Рустам Темуров вақте дар Кӯлоб матраҳ шуд, ки ӯ дар солҳои 1980 дар идораи ОБХСС (шӯъбаи мубориза бо ғорати моликияти сотсиалистӣ)-и вилояти Кӯлоб муовини Султон Қувватов таъин шуд. Ӯ пас аз он ном баровард, ки дар ин мақом дуздии пулҳои чанд идораи вилояти Кӯлобро ошкор кард ва мансабдорон аз шеваи тафтишҳои ӯ дар ҳарос афтода буданд. Акнун худи ӯ ба ҷинояте муттаҳам мешавад, ки солҳои тӯлонӣ алайҳаш мубориза мебурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG