Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Украина: Савченко қурбони низоми худкомаи Русия шуд


Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ҳукми Надежда Савченкоро беадолатӣ дониста ва гуфтааст, ки ин халабони ҳарбии Украина “қурбони низоми худкомаи Русия шудааст”.

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон, ҳукми зиндони Надежда Савченкоро беадолатӣ номидааст. Ӯ рӯзи 25 март бо пахши изҳороти расмӣ, ки нусхаи он дастраси Озодӣ шуд, Русияро барои нақзи бандҳои созишномаи Минск муттаҳам карда ва гуфтааст, "Маскав даъватҳо барои бознигариии ҳукми ин халабони украинаиро низ нодида мегирад".

Никитюк дар ин изҳороташ гуфтааст, қазияи Савченко нишон дод, ки дар Русия "адолат ва додгоҳи мустақил вуҷуд надорад". "Наджеда Савченко қурбони низоми худкомаи Русия ва сиёсати зидди арзишҳои демократии он кишвар шуд," - афзудааст ӯ.

Сафири Украина дар охири ин изҳороташ гуфтааст, Киев омодааст дар ивази раҳоии Надежда Савченко ду низомии Русияро ба Маскав бидиҳад, ки баррасии парвандаашон ниҳоӣ шудааст.

Додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов, ҷануби Русия, рӯзи 22 март халабони ҳарбии украинӣ Надежда Савченкоро дар содир кардани як қатор ҷиноёт айбдор дониста, ӯро ба 22 соли зиндон ва ҳам пардохти 30 ҳазор рубл (муодили 441 доллар) ҷарима маҳкум кард. Ин низомии

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон

украинӣ ба ҳамдастӣ дар қатли журналистони рус ва қасди куштани сокинони осоиштаи вилояти Луҳанск, ҳамчунин ба убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор дониста шуд.

Додрас Леонид Степаненко ба ҳангоми қироати ҳукм дар ин қазияи пурмоҷарову пурбаҳс гуфт, ки мӯҳлати дар боздошт сипарикардаи Савченко аз таърихи 30 июни соли 2014 ба эътибор гирифта мешавад. Вақти қироати ҳукм додрас маҷбур шуд барои чанд лаҳза бозистад, чун Савченко дар пушти шишаи курсии айбдоршаванда ба иҷрои оҳанге ба забони украинӣ шурӯъ кард. Дафтари додситонии кулли Русия бо пахши изҳороте гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ қаноатманд аст.

Муҳокимаи парвандаи Надя Савченко дар додгоҳи шаҳри Донетск, воқеъ дар наздикии марзи Русия бо Украина аз сентябри соли 2015 ба ин сӯ идома дорад. Ӯ ба нишони эътироз ба боздошту муҳокимааш эълони гуруснанишинӣ кардааст.

Савченко мегӯяд, ки ӯро дар моҳи июни соли 2014 дар шарқи Украина, замоне ки дар як баталйони ихтиёриён алайҳи ҷудоиталабони таҳти пуштибонии Русия меҷангид, дастгир карда ва ғайриқонунӣ ба Русия овардаанд. Савченко ду ҳафта пеш дар сухани охиринаш гуфт, қонунияти додгоҳи Русия ва ҳукми онро қабул надорад.

Мақомоти тафтишотии Русия Савченкоро ба ҳамоҳангсозии тирандозии нирӯҳои низомии Украина айбдор мекунанд ва мегӯянд, маҳз бо роҳнамоии ӯ тири як мушак мунҷар ба ҳалокати ду журналисти шабакаи телевизиони давлатии Русия (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк шуд.

Худи Савченко ва вакилонаш инро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, журналистони рус дар қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабон дар вилояти Донетск вақте кушта шуданд, ки Савченко алакай дар асорати ҷудоиталабон қарор дошт.

Худи ҳамин рӯз созмони ҳуқуқи башари “Ҳюман Райтс Вотч” изҳор дошт, ки ҳукми додгоҳии сарбози украинӣ Надежда Савченко “дар пайи муҳокимаи ноодилона содир шудааст”. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон зикр кардаанд, ки додгоҳ баёнияҳои калидии ҳимоятгаронро ба парванда ҳамроҳ намекард ва қабули дархостҳои муҳими онҳоро рад мекард.

“Ҳукми содиршуда асос надорад ва набояд мавриди иҷро қарор гирад”, - таъкид кард раҳбари “Хюман Райтс Вотч” дар кишварҳои Аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ Ҳю Уилямсон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG