Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 соли ҳабси Караҷич барои наслкушӣ


Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Гаага ё Ҳейг оид ба Югославияи собиқ рӯзи 24 март раҳбари пешини сербҳои Босниро барои ширкат дар наслкушии Сребренитса ва ҷиноятҳои низомиву ҷиноёт алайҳи башарият замони ҷанг дар Балкан дар миёнаҳои соли 90-ум ба 40 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июли соли 1995 ҷангиёни серб зери фармони генерал Ратко Младич, ки низ мавриди муҳокимаи додгоҳи Ҳейг қарор дорад, дар Сребренитса тақрибан ҳафт ҳазор мусалмонро куштанд. Ин куштор ваҳшонитарин дар Аврупо аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон арзёбӣ шудааст. Аммо Белград ва раҳбарони сербҳои Босния ин қазияро геносид ё наслкӯшӣ эътироф намекунанд.

Радован Караҷичи 70-сола, раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ, аз рӯи 11 банд айбдор мешуд. Ӯ ҳама иттиҳомро рад кард. Додрас зимни қироати ҳукм изҳор намуд, ки яке аз бандҳои иттиҳоми наслкушӣ алайҳи Караҷичро лағв шудааст.

Радован Караҷич соли 2008, баъди 13 соли фирор дар Сербия боздошт ва додгоҳи ҷиноии Созмони Милал дар Ҳейг истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG