Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Караҷич дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор шуд


Додгоҳи байнулмилалии Гаага ё Ҳейг рӯзи 24 март раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷичро дар ҷиноёт алайҳи башарият, аз ҷумла, куштор ва таъқибу фишор дар Боснӣ айбдор кард. Ҳамзамон додрас зимни қироати ҳукм изҳор намуд, ки яке аз бандҳои иттиҳоми наслкӯшӣ алайҳи Караҷичро лағв шудааст.

Дар мавриди банди дуввуми иттиҳоми наслкӯшӣ, ки марбут ба қатли мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 аст, додрас ҳанӯз ҳукм содир накардааст. Моҳи июли соли 1995 ҷангиёни серб дар Сребренитса тақрибан ҳафт ҳазор мусалмонро куштанд. Аммо Белград ва раҳбарони сербҳои Босния ин қазияро геносид ё наслкӯшӣ эътироф намекунанд.

Радован Караҷич соли 2008, баъди 13 соли фирор дар Сербия боздошт ва ба Додгоҳи ҷиноии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҳейг истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG