Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз дастаи мизбон - Австралия – бо ҳисоби бузурги 0:7 шикаст хӯрд.

Бозии даври нӯҳуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 7:0 хотима ёфт. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбе, 24 март, дар варзишгоҳи «Аделаида Овал», ки 53 ҳазор ҷойгоҳ дорад, бо ҳузури беш аз 35 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт. Қаҳрамони Осиё аз аввал то охири бозӣ ҳамеша дар хатти ҳуҷум буд. Агар чандин тӯбҳои задаи австралиягиҳо ба сутун ва тири дарвозаи меҳмонон барнамехӯрд, ҳисоби бозӣ аз ин ҳам бузургтар мешуд. Чунин ба назар мерасид,ки футболбозони тоҷик ба шикасти худ пешакӣ тан додаанд. Бинобар ин, онҳо танҳо аз паи ҳимояи дарвозаашон буданд, вале аз ӯҳдаи ин кор ҳам баромада натавонистанд. Бозии ҳамаи аъзои даста ғайриқаноатбахш буд. Австралиягиҳо дар ин бозӣ як сару гардан боло буданд.

Массимо Луонго дар дақиқаи 3-юм бо зарбаи сахт аз масофаи дур ва берун аз майдончаи ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Сардовари бозӣ Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар дар дақиқаи 12-ум барои қоидаи бозиро дар ҷаримагоҳ вайрон кардани дарвозабон Алишер Тӯйчиев ба ӯ корти зард нишон дод ва ба дарвозаи меҳмонон пеналтӣ таъин кард. Голи дувуми мизбононро аз ҷаримаи 11-метрӣ Миле Ҷединак, капитани мунтахаби Австралия, дар дақиқаи 13-ум ба ҳадаф расонд. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон ба танаффус баромаданд.

Дар оғози нимаи дувуми дидор Давронҷон Эргашев дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаи бозиро муқобили рақибаш вайрон кард ва сардовар боз ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ҷаримаи 11-метрӣ таъин намуд. Тӯбро дар дақиқаи 57-ум аз пеналтӣ Марк Миллиган, ки дар нимаи дувуми бозӣ капитани даста Миле Ҷединакро иваз кард, ба нишон расонд.

Голи чаҳоруми мизбононро Натан Бёрнс дар дақиқаи 67-ум аз масофаи наздиктарин вориди дарвозаи меҳмонон кард. Голи панҷумро Томас Рогич, ки нав ба майдон баромада буд, дар дақиқаи 69-ум аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд. Баъди ду дақиқа ӯ боз муваффақ гашт. Голи шашумро Рогич аз масофаи тахминан 16 метр зад. Тӯби ҳафтумро боз ҳам Натан Бёрнс бо сараш аз масофаи наздик дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд.

Бояд гуфт, ки ба ин бозӣ Ангелос Постекоглу, сармураббии мунтахаби Австралия, ки таҳти раҳбарии ӯ мунтахаби Австралия барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, 23 бозигарро даъват карда буд. Аз онҳо 18 нафарашон легионерҳо буданд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Испания, Инглистон, Олмон, Норвегия, Чин, Имороти Муттаҳидаи Араб, Италия, Шотландия ва Ҷопон бозӣ мекунанд. Ҳамагӣ панҷ бозигар аз бошгоҳҳои футболи Австралия буд.

Ҳайати мунтахаби Австралия: 1. Мэтю Райан, 7. Мэтю Леки (Робби Круз, 76), 8. Бэйли Райт, 9. Апостолос Янну, 13. Аарон Муй, 14. Брэд Смит, 15. Миле Ҷединак (капитан, 5. Марк Миллиган, 46), 16. Натан Бёрнс, 19. Райан Макгован, 20. Трент Саинсбури, 21. Массимо Луонго (23. Томас Рогич, 67).

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: 1. Алишер Тӯйчиев, 2. Далерҷон Тухтасунов, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 6. Давронҷон Эргашев, 8. Нуриддин Давронов, 9. Ҷаҳонгир Алиев, 10. Хуршед Маҳмудов (капитан, 15. Манучеҳр Аҳмадов, 60), 14. Фаридун Шарифов, 19. Аҳтам Назаров (17. Дилшод Восиев, 35), 21. Манучеҳр Ҷалилов (22. Комил Саидов, 73).

Огоҳонида шуданд: Алишер Тӯйчиев (11), Далерҷон Тухтасунов (27), Давронҷон Эргашев (56), Трент Саинсбури (81), Комил Саидов (85).

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия 8 сентябри соли гузашта дар Душанбе бо ҳисоби 3:0 ба нафъи австралиягиҳо хотима ёфта буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” бегоҳи рӯзи 24 март мунтахаби Урдун дар майдони худ дастаи Бангладешро боҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври 9-уми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун новобаста аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд ва барои ғолибият дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринро бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказӣ соати 18:00 оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG