Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон аз вуқӯи заминларзаи ҳудуди 5-дараҷаӣ дар шарқи Тоҷикистон хабар дод. Татяна Валявская, як масъули Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи 24 март Радиои Озодӣ гуфт, ки соати 13-ву 37 дақиқаи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон замин такон хӯрд, ки маркази он 162-километриии шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар Ғарм будааст. Ба гуфтаи хонум Валявская, қувваи заминларза дар маркази он 5- дараҷа, дар Душанбе 2 дараҷа, дар Ғарму Тавилдара 3-4 ва дар Тоҷикобод 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст. Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, то кунун аз талафот ва харобиҳои заминларзаи имрӯз иттилоъ нарасидааст.

XS
SM
MD
LG