Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 нафар барои латукӯби як сокини Кӯлоб


Ниҳодҳои интизомии шаҳри Кӯлоб 7 нафарро ба гумони зарбу шатми як сокини ин минтақа боздошт кардаанд. Як масъули бахши корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 24 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар воқеъ як гурӯҳ аз ҷавонон боздошт шудаанд, ки аз роҳи авбошӣ як сокини ин шаҳрро лату кӯб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки рӯзи 22 март зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, як гурӯҳ сокинони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони авбошӣ дастгир карда шуданд. Гумонбаршудагон, дар ин рӯз дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Зиракӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ҷавони 26-солаи сокини ҳамин шаҳрро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Ба иттилои ин масъулон, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG