Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 хориҷӣ дар марзи Туркияву Сурия


Маъмурони амниятии Туркия дар минтақаи Ғозиёнтеппаи марзи кишвар бо Сурия панҷ шаҳрванди хориҷиро дастгир кардаанд. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 24 март навиштанд, боздоштшудаҳо – шарвандони Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон иқрор намуданд, ки қасди сафар ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи “Давдати исломи”-ро доштанд. Ба иттилои нашрияи HaberTurk таҳқиқи қазия ҷараён дорад ва пас аз итмом барои баррасӣ ба додгоҳ ирсод мегардад.

Тобистони соли гузашта маъмурони амниятии турк дар минтақаи марзии Ғозиёнтеппа 25 хориҷиро боздошт карда буданд. Миёни онҳо, ки мехостанд ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шаванд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам буданд.

XS
SM
MD
LG