Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ аз шурӯи амалиёти густурда алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Мовсил хабар доданд. Генерали артиш Яҳё Расул рӯзи 24 март гуфт, ки амалиёти “Ал-Фатҳ” барои озод кардани дуввумин шаҳри бузурги Ироқ субҳи барвақти рӯзи панҷшанбе оғоз ёфт. Нерӯҳои ироқӣ чанд рустои канори шаҳри Махмур, воқеъ дар шарқи шаҳри Мовсилро, озод карданд, афзуд генерал Яҳё Расул.

Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА ба нерӯҳои ироқӣ кӯмак карда, ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз фазо зарба мезанад.

Шаҳри Мовсил, ки дар 360 километрии шимолу ғарби Бағдод ҷойгир шудааст, аз моҳи июни соли 2014 таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор дорад.

Моҳи декабри соли гузашта артиши Ироқ шаҳри Ромадиро аз дасти ситезаҷӯён озод карда буд.

XS
SM
MD
LG