Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз тақрибан бист рӯзи ҳалокати як хонандаи мактаби рақами 14 дар гузаргоҳи назди ин мактаб чароғак насб кардаанд. Дар пайи садамаи нақлиётии 7 март ду хонандаи дигар низ захмӣ шудаанд.

Баъд аз тақрибан бист рӯзи марги Карима Қурбонова, хонандаи мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе ва захмӣ шудани ду ҳамдарсаш дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар гузаргоҳи назди ин мактаб, акнун чароғак гузошта шудааст. Чароғаке, ки волидони муҳассилони мактаби рақами 14 чанд сол боз интизораш будаанд ва чандин бор ҳам барои он ба мақомот муроҷиат кардаанд. Вале мақомот ба далели “роҳи протоколӣ” будан, гузоштани чароғак дар ин гузаргоҳро номумкин медонистанд.

Парвина Саидҷамолова, яке аз волидон рӯзи 25 март ба Озодӣ гуфт, ду фарзандаш дар ин мактаб таҳсил доранд ва то замони насби чароғак маҷбур буд шахсан онҳоро ба мактаб бибирад. "Набудани чароғак воқеан барои хонандаҳо ва волидон хатар дошт ва ҳоло фикр мекунам, шояд ба ронандаҳо иҷоза надиҳад, ки болои хонандагон мошини худро биронанд," - афзуд ӯ.

Сорбон, яке аз хонандагони мактаб, низ мегӯяд, солҳо боз интизори насби ҳамин чароғак буданд. Аммо Светлана Пирова, раҳбари мактаби рақами 14 ба ин бовар аст, ки насби чароғак дар роҳи мошингарди назди мактаб ҳанӯз ҳалли мушкил нест. Ба бовари ӯ, то замоне ки фаъолияти таксиҳои бешумор дар ин роҳ танзим нашавад, ҷони хонандаҳо ҳамеша дар хатар боқӣ мемонад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Светлана Пирова, дар чаҳор соли охир ин чорумин ҳодисаи зери чархи мошин мондани хонандаҳои мактаби рақами 14 будааст.

Садамаи маргбори рӯзи 7 март дар гузаргоҳи назди мактаби тоҷикию русии рақами 14, ки бо марги як хонанда ва ҷароҳат бардоштани ду нафари дигар анҷом ёфт, дар ҷомеа баҳсҳоеро ба миён овард ва дар мактаб ва атрофи он бисёр чизҳоро тағйир дод. Ҳоло дӯконе, ки дар муқобили ин гузаргоҳ қарор дошт, баста шудааст ва волидон ҳам нисбат ба мактабу ронандаҳои кирокардаи худ барои бурдану овардани фарзандон ба мактаб, сахтгир шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як рӯз пас аз вуқӯи садама дар таърихи 8 март хабар дод, ки гумонбари садамаи маргборе дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 7 март рух дод, Ҳусейн Қурбонов, як марди 25-солаи сокини пойтахт мебошад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як масъули ВКД хабар дод, ки ин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Л.Шералӣ ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умуми №14 бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, се ноболиғро пахш кард. Дар натиҷа яке аз ин се мактабхон ба ҳалокат расида ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон мунтақил шуданд.

Баъди боздошти ронандаи гумонбар, таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст. Аз рӯи сӯҳбатҳои шоҳидон, баъди рух додани садама, ронанда кӯшиш кард аз маҳалли ҳодиса фирор кунад, вале баъди муддате боздошт шуд.

Хонандагони синфҳои панҷ Карима Қурбонова, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзова ҳангоми убур аз гузаргоҳ зери чархи мошини тамғаи "Опел" мондаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҳангоми гузаштан аз роҳ троллейбус, ки аз хати якум мегузашт ба наврасон роҳ дода, аммо мошини сабукрави хатти дувум бо суръати баланд ҳаракатро идома дода ва хонандаҳоро пахш кардааст.

Дар пайи ин ҳодиса Карима Қурбоноваи 11-сола бо осеби ҷиддии косахонаи сар фавтида, Сафина Наврӯзова ва Ширин Қаюмова, ду хонандаи дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳоло вазъи саломатии Сафина миёна ва Ширин нисбатан беҳтар арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи волидони хонандаҳо, ин аввалин чунин ҳодисаи маргбор дар назди мактаби 14 нест. Гуфта мешавад, 5 соли пеш як ҳамсабақи ин духтарҳо ҳам дар пайи чунин як садама аз дунё гузаштааст ва ҳамчунин моҳи сентябри соли гузашта айнан дар ҳамин гузаргоҳ хонандаи дигаре зери чархи мошин монд.

Ин фоҷеаи хунин, риоя нашудани қоидаҳои роҳ ва махсусан мушкили набуди чароғак дар назди мактаби рақами 14 ва дигар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳрро вирди забонҳо карда буд

Бино ба омори расмӣ, дар як соли гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард беш аз 400 нафар ба ҳалокат расидааст. Аксаран қурбониҳои садамаҳо хурдсолон мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG