Пайвандҳои дастрасӣ

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 24 март изҳор намуд, ки шояд дар нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ширкат накунад. Қарор аст нишасти ин созмон, ки ба он Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд, рӯзҳои 23 ва 24 июни соли равон дар Тошканд баргузор шавад.

Изҳороти Алмосбек Отамбоев дар ҳоле садо дод, ки вазъ дар як қитъаи баҳсталаби марзи Қирғизистон ва Узбакистон ноором боқӣ мемонад. Бишкек мегӯяд, ки Тошканд рӯзи 18 март якҷониба ва бидуни машварат бо Қирғизистон низомиён ва зиреҳпӯшу мошинҳои ҳарбии худро дар қитъаи баҳсталаби марзии Чала-Сарт ҷойгир кард. Ин тасмим Қирғизистонро водор сохт, ки бо фиристодани неру ҳимояти он минтақаи марзро тақвият диҳад.

Аз нигоҳи Бишкек, Чала-Сарт, ки дар марзи вилоятҳои Ҷалолободи Қирғизистон ва Намангони Узбакистон ҷойгир шудааст, аз замони Шӯравӣ қаламрави Қирғизистон маҳсуб мешавад ва Узбакистон ҳаққи ишғоли онро надорад.

Баъд аз машваратҳо ниҳодҳои марзбонии Узбакистону Қирғизистон рӯзи 20 март ба натиҷае расиданд, ки дар ду тарафи марз фақат 8 нафарӣ аз сарҳадбонҳову низомиёни ҳар ду кишвар боқӣ монанд.

Алмосбек Отамбоев дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бишкек гуфт, Қирғизистон ҳеҷ гоҳ аввал шуда ҷангро шурӯъ намекунад, аммо барои ҷавоб додан ба ҳама гуна таҷовуз омода аст.

XS
SM
MD
LG