Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо дасти кам 400 мусаллаҳро омода кардаст. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 24 март бо такя ба манбаъҳояш дар хадамоти кашфи кишварҳои аврупоӣ ва Ироқ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъҳо, террористҳо, ки дар пойгоҳҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия тамрини ҷиддӣ дидаанд, вориди Аврупо шуда, гурӯҳҳои мустақили террористӣ ташкил мекунанд. Муфаттишон ҳадс мезананд, ки боздошти Салоҳ Абдусалоҳ, созмондиҳандаҳои ҳамлаҳои Порис дар моҳи ноябри соли гузашта, аъзои гурӯҳи террористии дар Белгия ташкилшударо барои ҳамлаҳо ба Брюссел таҳрик додааст. Бар асари ҳамлаҳо дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел рӯзи 22 март 31 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ду нафар аз террористҳои маргталаб – шаҳрвандони Белгия бародарон Иброҳим ва Холид Бакраӣ қаблан барои қонуншикании маъмурӣ муҷозот шуда буданд. Мақомоти Туркия рӯзи 23 март хабар доданд, ки моҳи июни соли гузашта Иброҳим Бакраиро дар марз бо Сурия боздошт ва ба Белгия истирдод карда буданд. Аммо мақомоти Белгия бо вуҷуди ҳушдори Анкара, ки Бакраӣ террористи хориҷӣ аст, ӯро озод карданд. Додситони Белгия дар посух изҳор намуд, ки Туркия Бакраиро на ба Белгия, балки ба Ҳуланд истирдод кардааст.

Дар ҳамин ҳол муфаттишони Белгия ҷустуҷӯи яке аз ҳампаймонҳои террористҳоро идома медиҳанд, ки қабл аз таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел буд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд ӯ ҳамлаҳои террористии нав таҳия кунад.

XS
SM
MD
LG