Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 24 март, мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо Австралия рақобат мекунад.

Бозии даври нӯҳуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон имрӯз, 24 март, дар варзишгоҳи «Аделаида Овал», ки 53 ҳазор ҷойгоҳ дорад, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бегоҳи чоршанбеи 23 март футболбозони тоҷик дар майдони ин варзишгоҳ тамрин кардаанд.

Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста 18 бозигарро дохил кардааст.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозӣ муқобили мунтахаби Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров ҳама аз «Истиқлол»), Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Комил Саидов («Барқчӣ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»).

Мубин Эргашев дар як нишасти матбуотӣ, ки пеш аз бозӣ бо мунтахаби Австралия доир шудааст, ба хабарнигорон иброз доштааст нисбат ба бозии аввал, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе барпо гардида буд, дар бозии ҷавобӣ дар ҳайати даста тағйирот ба амал омадааст. Ӯ гуфтааст, ки ба даста ҳоло бисёр ҷавонон даъват шудаанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтан аст. Мутаассифона, тақвими бозиҳо ба манфиати мо нашуд. Мо сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро бо ду бозии мураккаб анҷом медиҳем. Бозии асосии ин марҳила рӯзи 29 март дар хона бо мунтахаби Қирғизистон мебошад. Ин бозии тақдирсоз аст ва аз он ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Осиё-2019 мустақим ва ё тавассути бозиҳои интихобӣ баромадани мо бастагӣ дорад”, - иброз доштааст Мубин Эргашев.

Ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон Ангелос Постекоглу, сармураббии тими миллии Австралия, ки таҳти раҳбарии ӯ мунтахаби Австралия барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, 23 бозигарро даъват кардааст. Аз онҳо 18 нафарашон легионерҳоянд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Испания, Инглистон, Олмон, Норвегия, Чин, Имороти Муттаҳидаи Араб, Италия, Шотландия ва Ҷопон бозӣ мекунанд. Ҳамагӣ панҷ бозигар аз бошгоҳҳои футболи Австралия мебошанд.

Ҳайати мунтахаби Австралия дар бозӣ бо дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Мэтю Райан («Валенсия», Испания), Адам Федеричи («Борнмут», Инглистон), Митчелл Лангерак («Штутгарт», Олмон);

Ҳимоятгарон: Ҷейсон Герия («Мелбурн Виктори», Австралия), Алекс Гербаш («Русенборг», Норвегия), Райан Макгован («Хенан Тзяние», Чин), Марк Миллиган («Банияс», ИМА), Ҷош Рисдон («Перт Глори», Австралия), Трент Сэйнсбери («Тзянсу Сайнти», Чин), Брэд Смит («Ливерпул», Инглистон), Алекс Уилкинсон («Мелбурн Сити», Австралия), Бэйли Райт («Престон», Инглистон);

Нимҳимоятгарон: Мэтт Маккей («Брисбен», Австралия), Крис Икономидис («Салернитана», Италия), Миле Единак («Кристал Пэлас», Инглистон), Массимо Луонго («Куинз Парк Рейнҷерс», Инглистон), Аарон Муй («Мелбурн Сити», Австралия), Томми Рогич («Селтик», Шотландия);

Ҳамлагарон: Натан Бёрнс («Токио», Ҷопон), Тим Кэхилл («Ханҷоу Гринтаун», Чин), Апостолос Янну («Гуанҷоу Фули», Чин), Робби Круз («Байер 04», Олмон), Мэтю Леки («Инголштадт», Олмон).

Сардовари бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон довари ФИФА Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар аст.

Баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтааст ва барои ғолибият дар гурӯҳ талош мекунад. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст овардан кофист.

Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Австралия

6

5

0

1

17-3

15

2.

Урдун

6

4

1

1

12-2

13

3.

Қирғизистон

7

3

2

2

9-8

11

4.

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5.

Бангладеш

7

0

1

6

2-24

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG