Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурудгоҳҳои байналхалқӣ тадбирҳои амниятиро шадидтар мекунанд


Баъди террорҳои Брюссел фурудгоҳҳои байналхалқии Порис, Франкфурт, Лондон, Прага, Вена ва Амстердам тадбирҳои амниятиро шадидтар мекунанд. Назорати марзӣ, воридоти бор ва почтаҳо низ шадидтар шудааст. Нидерландия ҳам назорати марзҳояшро тақвият медиҳад. Дар фурудгоҳҳои аврупоӣ муҳофизони иловагӣ гузошта мешавад. Фурудгоҳҳои Москва низ тадбирҳои амниятиро тақвият медиҳанд. "Хадамоти амниятии фурудгоҳҳои "Шереметево", "Внуково", "Домодедово" дар ҳолати шадид фаъолият мекунанд. Тафтиши ҷиддии мусофирон ва боғочҳо ба роҳ монда шудааст", - хабар медиҳад Интерфакс. Фурудгоҳи байналхалқии Брюссел, ки дирӯз он ҷо таркиш рух дод, 23 март кор намекунад. Дар Белгия дар робита ба марги 34 нафар 3 рӯзи мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG