Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Airbus имкониятҳои Тоҷикистонро меомӯзад


Ширкати Airbus ба бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст. Ҳайати ширкат бо сардории ноиб-президенти Airbus Силвер Дэлонэ ба Душанбе омад ва бо муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим мулоқот кард. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, омода аст, ки бо ин ширкати фаронсавӣ ҳамкорӣ кунад, хабар медиҳад оҷонсии иттилоотии Reuters. Ёдрас мешавем, ки дар охири соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Порис бо ноиб-президенти Airbus Силвер Дэлонэ мулоқот карда буд. Дар он дидор имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт баррасӣ шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии президент. Ҳоло дақиқ нест, ки оё Тоҷикистон аз ин ширкат ҳавопаймо мехарад ё на. Феълан ширкатҳои тоҷикии TajikAir ва SomonAir ҳавопаймоҳои амрикоии Boeing ва русии ТУ-ро истифода мебаранд. Ширкати TajikAir 35 ҳавопаймо дорад, аммо ҳамагӣ 15-тои онро истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG